Савол № 00689

Домуллои азиз, оилаи мо кӯдакеро ба фарзандӣ қабул кардааст. Ҳоло ӯ яксолаву семоҳа аст. Мо ният дорем, ки пас аз ба балоғат расидани фарзандамон ба ӯ кӣ буданашро гӯем, зеро дигар наздикони мо ба ҳар тариқ мехоҳанд, ки бегона будани ӯро гӯшрас намоянд...

Савол:

Домуллои азиз, оилаи мо кӯдакеро ба фарзандӣ қабул кардааст. Ҳоло ӯ яксолаву семоҳа аст. Мо ният дорем, ки пас аз ба балоғат расидани фарзандамон ба ӯ кӣ буданашро гӯем, зеро дигар наздикони мо ба ҳар тариқ мехоҳанд, ки бегона будани ӯро гӯшрас намоянд. Оё ин кори мо дуруст аст ё таваккул ба Худо карда, ӯро ба воя расонем?

Саволдиҳанда:Саодат.

Ҷавоб:

Ассалому алайкум. Хоҳари азиз, фарзанд танҳо аз зану марди никоҳӣ мебошад. Он чи шумо анҷом додаед, агар бо маслиҳати тарафайн сурат гирифта бошад, кори хайру савоб аст. Агар хоҳед, ки он тифл фарзанди разоъӣ (ширхӯрда)-и шумо шавад, метавонед ӯро шир диҳед. Агар худатон шир надошта бошед, наздикони шумо аз қабили хоҳару апа ё наздикони шавҳаратон ӯро шир диҳанд, он гоҳ он тифл барои шумо нисбати хешӣ пайдо мекунад ва маҳрам мегардад. Дар китобҳои фиқҳӣ роҷеъ ба ин масъала чунин гуфта шудааст: “Аз ҷониби ширдеҳ ҳама хеш шаванд”. Яъне агар зане ба тифле шир диҳад, хешовандони ӯ низ ба ин тифл хеш мешаванд. Муддати шир додани тифл аз нигоҳи мазҳаби ҳанафӣ дувуним сол аст, яъне барои шир додани ӯ ҳанӯз вақт боқӣ ҳаст. Аммо огоҳ кардани ӯ аз волидони аслияш хуб ва беҳтар аст, зеро барои фарзанд падару модари аслӣ ҳамон аст, ки ӯро ба дунё овардаанд. Дар ғайри ин сурат ӯ ба шумо ҳеҷ рабте надорад. (“Хулосутул-фатово”, ҷ. 2, с. 10-12).

2016-11-21
3592
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:07
Пешин12:40
Аср15:26
Шом17:23
Хуфтан18:53