Савол № 00694
Агар пойҳоямонро тарафи қибла карда хоб кунем, гунаҳгор мешавем?
Савол:
Агар пойҳоямонро тарафи қибла карда хоб кунем, гунаҳгор мешавем?
Саволдиҳанда:Яъқуб.
Ҷавоб:
Ассалому алайкум. Бародари азиз, он чи ки дар аҳодиси Расул (с) дар бораи қибла манъ шудааст, қазои ҳоҷат кардан ба тарафи қибла аст, инчунин туф кардан ҳам манъ аст. Аммо дар урфи мардуми мо ҳам пой ба тарфи қибла кардан аз сӯи адаб аст, лекин агар қасди беэҳтиромӣ набошад, ҳеҷ ҳараҷе надорад. Хулоса агар дар ин амал қасди беэҳтиромӣ набошад, боиси гуноҳ нест.