Савол № 00698

Ман як суол доштам. Агар зан гӯяд, ки шавҳарам маро се талоқ кард, оё талоқ мешавад ё на?

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ. Ман як суол доштам. Агар зан гӯяд, ки шавҳарам маро се талоқ кард, оё талоқ мешавад ё на? Илтимос ҷавоб диҳед.

Саволдиҳанда:Ҷамшед.

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, агар зан дар ин даъвояш шоҳид дошта бошад, яъне ду мард ва ё як марду ду зан шаҳодат диҳанд, ки дар ҳақиқат мо шунидем, ки шавҳари ин зан ӯро “се талоқ кард”, пас дар ин сурат зан се талоқ мешавад. Аммо агар зан шоҳид надошта бошад, даъвояш эътибор надорад ва талоқ ҳам намешавад, зеро соҳиби талоқ мард аст. (“Мухтасарул-виқоя”, с. 142-145). 

2016-12-02
3960
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:29
Пешин12:40
Аср16:24
Шом18:23
Хуфтан19:53