Савол № 00007
Насиҳате барои тарбияти фарзанд
Савол:
Домуллои ширинсухан Худованд илми Шуморо боз ҳам равнақ диҳад, то ки мо аз насиҳатҳои Шумо истифода бурда, фарзандони худро дар роҳи рост тарбият намоем. Барои ҳамин домуллои муҳтарам илтимос чанд насиҳате барои тарбияти фарзанд моро роҳнамоӣ мекардед?
Бародари Шумо Миралӣ аз ш. Турсунзода
Саволдиҳанда Миралӣ
Ҷавоб:
Албатта, имрӯзҳо фарзандони моро мушкилиҳо ва хатарҳои зиёде рӯ ба рӯ аст. Таълимотҳое, ки ба ниёзҳои рӯҳӣ, фикрӣ, хулқӣ ва ҷисмонии инсон ҷавобгӯ бошад, ба таври ҷиддӣ ба роҳ монда нашудаанд. Агар назари уламои исломро дар мавриди тарбияи фарзанд баён кунем, ҷилд-ҷилд китобҳо пур мешавад, вале мо баъзе гуфтаҳоро дар поён баён мекунем, то хонандагон худашон хулоса бароранд, ки ислом тарбияи фарзандонро дар мадди аввал мондааст.
Ҳазрати Алӣ (р) мефармояд: «Худатон некиро ёд бигиред ва онро ба хонаводаатон биомӯзонед». «Мусалмон бояд аввал худ адаб омӯзад ва хонаводаашонро адаб омӯзонад, сипас онҳоро ба некӣ кардан амр кунад ва аз бадӣ манъ кунад».
Умар ибни Хаттоб чунин одат дошт, ки вақте мардумро аз коре манъ мефармуд, аҳли хонаводаашро даъват карда, мегуфт: «Ман мардумро аз фалон ва фалон кор боздоштам. Албатта, мардум ба шумо менигаранд мисли он ки парранда ба сӯи гушт менигарад. Пас агар шумо ба он фурӯ оед, мардум ҳам фурӯ меоянд ва агар битарсед ва бипарҳезед, мардум ҳам метарсанд ва парҳез мекунанд. Савганд ба Худо, агар маслиҳат бинад касе аз шумо дар чизе, ки ман мардумро аз он манъ намудаам, ҳароина дучанд мекунам барои ӯ азобро ба хотири наздикӣ ва мавқеияте, ки бо ман дорад».
Имом Ғазолӣ мефармояд: «Дар ҳақиқат кӯдак амонатест, дар назди падару модараш ва дили покаш гавҳарест нозуку содда ва холӣ аз тамоми нақшҳову суратҳо ва дили ӯ омодаи пазириши ҳар гуна нақшу нигорест, ки дар он кашида шавад ва моил аст ба ҳар тарафе, ки майл дода шавад. Пас агар ба ӯ некӯӣ омӯзонда ва таълим диҳед, бар накӯӣ бузург мешавад ва дар дунёву охират хушбахту саодатманд мегардад. Дар савоби ӯ падару модараш, муаллим ва адабомӯзи ӯ шарик аст. Агар кӯдак ба бадӣ тарбия ёбад ва мисли чорпо бидуни парастор фурӯ гузошта шавад, он гоҳ ӯ бадбахт гашта, ҳалок мешавад, гуноҳаш бар гардани тарбиякунандагон ва касонест, ки тарбияи ӯ вазифаи онҳо буд».
Муҳаммад Нур Сувайд дар китоби «Усули тарбиявии тифл» мегӯяд, «Ислом шадидан аз оила мехоҳад ва ба он таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир мекунад, то ки оила парваришгоҳи ором ва ҷойи таъсиррасони бузург дар тарбия бошад».
Муҳаммад Қутб дар китобаш «Усули тарбияи исломӣ» менависад: «Маълум аст, ки хона, кӯча, мактаб, ҷомеа пояҳои асосии тарбия мебошанд, вале асоси таъсиргузори аввал аст ва хона тавонотарини ин пояҳо аст. Зеро хона тифлро аз марҳилаи аввал ба оғӯш мегирад ва ҳам замоне, ки тифл дар хона сипарӣ мекунад, аз ҳама замонҳои дигар бештар аст. Ба болои ҳамаи ин падару модар ба тифл аз дигарон дида бештар таъсиргузоранд».
Ҳамин тавр олимону донишмандон барои зарурати тарбияи фарзанд, тарбияи дурусте, ки асос ва пояи он китоби Худо ва суннати Расули Худост, иттифоқ кардаанд. Пас вақте падару модар ва мураббиён ҳақиқати ин амонатро дарк кунанд ва онро аз рӯи сидқу ихлос ба дӯш бигиранд, ба ин қавм ба пирӯзии наздик мужда дод.
Худованд дар ояти 11 сураи «Раъд», мефармояд: «Ҳаройна, Худо чизеро аз ҳоли мардум дигаргун накунад, то он мардум худ дигаргун нашаванд».
Пас бояд дар ёд дошта бошем, ки фарзанди тарбия шуда ба монанди сарвати бепоён барои волидайн мебошад, ин неъмати илоҳиро шукр кунем, ки шукраш тарбияташ аст.