Савол № 00700
Мумкин аст, ки модар ба сари манзили фарзандаш рафта дуо кунад.
Савол:
Мумкин аст, ки модар ба сари манзили фарзандаш рафта дуо кунад.
Саволдиҳанда:Ашраф.
Ҷавоб:
Ассалому алайкум. Бародари азиз, агар модар аз таълимоти динӣ бархӯрдор бошад ва дар вақти рафтан ба қабристон нолаю фиғон накунад, пас, дар рафтани ӯ ҳеҷ ҳараҷ ва ишколе нест ва метавонад, ки ба сари қабри фарзандаш рафта, дуо кунад. Дар ҳадис омадааст, ки модари мӯъминон Оиша (р) ба сари қабри бародараш Абдурраҳмон рафта дуо карданд.