Савол № 00701
Аз ҳайати Шӯрои уламо суоле доштам. Лутфан бо далели қонеъкунанда посух диҳед. Оё ин дуруст аст, ки набояд пойҳоро ба тарафи қибла дароз кард?
Савол:
Ассалому алайкум. Аз ҳайати Шӯрои уламо суоле доштам. Лутфан бо далели қонеъкунанда посух диҳед. Оё ин дуруст аст, ки набояд пойҳоро ба тарафи қибла дароз кард? Ташаккур.
Саволдиҳанда:Ҳаким.
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, он чи ки дар аҳодиси Расул (с) дар бораи қибла манъ шудааст, қазои ҳоҷат ва оби даҳон андохтан ба тарафи қибла аст. Аммо дар урфи мардуми мо пой ба тарафи қибла кардан беодобӣ ба шумор меравад. Агар дар ин амал қасди беэҳтиромӣ набошад, ҳеҷ ҳараҷе надорад ва боиси гуноҳ нест.