Савол № 00702
Барои чӣ сураи «Ёсин»-ро дили Қуръон мегӯянд?
Савол:
Ассалому алайкум. Барои чӣ сураи «Ёсин»-ро дили Қуръон мегӯянд?
Саволдиҳанда:Убайдулло.
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, дар фазилати сураи “Ёсин” ҳадисҳои зиёде ворид шудааст, ки далолат бар бузургӣ ва азамати он доранд. Сабаби дили Қуръон номида шудани сураи мазкур ин аст, ки Расули Худо (с) дар ҳадисе чунин фармудаанд: “Ҳар чизе диле дорад ва дили Қуръон сураи “Ёсин” аст” (Ривояти Тирмизӣ).