Савол № 00703

Аҳли хонавода мегӯянд, ки мо хабари нохуш шунидем. Мардум мегӯянд, ки келини шумо дар пеши мо гуфтааст, ки дар даҳани шавҳарам фалон кардам. Оилаамро пурсидам, мегӯяд, ки ман нагуфтам, мардум дурӯғ мегӯянд. Чӣ кор кунем?

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ. Ман як савол доштам: Аҳли хонавода мегӯянд, ки мо хабари нохуш шунидем. Мардум мегӯянд, ки келини шумо дар пеши мо гуфтааст, ки дар даҳани шавҳарам фалон кардам. Оилаамро пурсидам, мегӯяд, ки ман нагуфтам, мардум дурӯғ мегӯянд. Чӣ кор кунем? Илтимос ҷавоб диҳед.

Саволдиҳанда:Ҷамшед.

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, шумо ба хотири сухани мардум оилаи худро вайрон накунед, балки эътимод дошта бошед ва дуо кунед, ки зиндагиатон дар оянда хубтар шавад. Ба ҳамсаратон зулм накунед, зеро шумо бо як ҷаҳон умеду орзу оила бунёд кардаед. Худованд шуморо нигоҳ дорад.

2016-12-06
3809
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:29
Пешин12:40
Аср16:24
Шом18:23
Хуфтан19:53