Савол № 00704

Оё пашми шикам ё пашми дасту пойро тарошидан дуруст ҳаст? Дар яке аз мавъизаҳои Ҳоҷӣ Мирзо шунидем, ки гирифтани пашми дасту бадан агар ба табиати ту ягон зарар дошта бошад, метавони...

Савол:

Ассалому алайкум домуллои азиз. Суоли ман чунин аст: Оё пашми шикам ё пашми дасту пойро тарошидан дуруст ҳаст? Дар яке аз мавъизаҳои Ҳоҷӣ Мирзо шунидем, ки гирифтани пашми дасту бадан агар ба табиати ту ягон зарар дошта бошад, метавони тарошӣ. Домуллои азиз, ба суоли ман тезтар ҷавоб диҳед. Худо шуморо дар паноҳаш нигаҳдор бошад, то ки ба суолҳои мо ҷавоби мукаммал диҳед.

Саволдиҳанда:Юсуф.

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, мӯйҳои шикам ва ҳар ҷойи бадан, ки шуморо нороҳат мекунад, метавонед он мӯйҳоро пок созед, фарқ намекунад, ки онро метарошед ё ба дигар мавод он ҷоро тоза менамоед. Чунки аз дидгоҳи дини мубини Ислом гузоштани мӯйи бадан на воҷиб асту на суннат. Худованд боз ҳам муҳаббати шуморо нисбат ба дин зиёда гардонад.

2016-12-06
3719
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:42
Пешин12:40
Аср15:13
Шом17:08
Хуфтан18:38