Савол № 00707
Хоҳиш дорам оиди дар намоз хондани сура аз поён ба боло муфассал мефаҳмондед.
Савол:
Ассалому алайкум ва рахматуллоҳи ва баракотуҳу! Хоҳиш дорам оиди дар намоз хондани сура аз поён ба боло муфассал мефаҳмондед.
Саволдиҳанда:Давлат.
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, хондани сураҳо дар намоз ба ҳамон тартибе аст, ки дар Қуръон омадааст, зеро тартиби сураҳои қуръонӣ ба нақл собит шудааст. Агар ин тартиб қасдан тарк шавад, макрўҳ аст ва агар саҳван ва фаромўшона тарк шавад, боке надорад ва дар ҳар ду сурат ҳам саҷдаи саҳв лозим намешавад. (“Фиқҳи муяссар”, с.90-94)