Савол № 00710
Ман занамро дар вақти асабӣ буданам се талоқ гуфтам, оё метавонам ӯро дубора никоҳ карда гирам?
Савол:
Ман занамро дар вақти асабӣ буданам се талоқ гуфтам, оё метавонам ӯро дубора никоҳ карда гирам? Ман намехоҳам аз занам ҷудо шавам.
Саволдиҳанда:Фирдавс.
Ҷавоб:
Ассалому алайкум. Бародари азиз, агар касе ба ҳамсараш “се талоқат кардам” гӯяд, аз нигоҳи фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ дубора бо ӯ зиндагӣ карда наметавонад. Аз сабаби он ки масъалаи талоқ нозукиҳои бисёр дорад ва тафсилоти бештаре мехоҳад, шумо метавонед, ки ба Раёсати фатвои Маркази исломӣ муроҷиат кунед ва суоли худро хаттӣ пешниҳод намуда, дар бораи ин гуна масоил ҷавоби хаттӣ гиред.