Савол № 00712
Дар бораи саҷдаи тиловат, оятҳо ва тарзи хондани он маълумот медодед. Худо шуморо дар паноҳаш нигаҳдор бошад, ки ба суолҳои мо ҷавоби мукаммал медиҳед.
Савол:
Ассалому алайкум домуллои гиромӣ. Дар бораи саҷдаи тиловат, оятҳо ва тарзи хондани он маълумот медодед. Худо шуморо дар паноҳаш нигаҳдор бошад, ки ба суолҳои мо ҷавоби мукаммал медиҳед.
Саволдиҳанда:Алишер.
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, дар чордаҳ ҷои Қуръони маҷид ояти саҷда вуҷуд дорад, ки сураҳо ва оятҳояш инҳоянд: Сураи «Аъроф»: ояти 206, «Раъд»: 15, «Наҳл»: 49, «Исро»: 107, «Марям»: 58, «Ҳаҷ»: 18, «Фурқон»: 60, «Намл»: 25, «Саҷда»: 15, «Сод»: 24, «Фуссилат»: 37, «Наҷм»: 62, «Иншиқоқ»: 21, «Алақ»: 19. Оятҳое, ки дар Қуръони карим дорои саҷдаи тиловат ҳастанд, бо лафзи «саҷда» нишонагузорӣ шудаанд. Шахсе, ки ин оятҳои саҷдаро мехонад ё мешунавад, бар ӯ саҷда воҷиб мегардад. Агар дар як маҷлис ҳамаи онҳо хонда шаванд, чордаҳ саҷдаи тиловат воҷиб мешавад, аммо агар яке аз онҳо дар як маҷлис борҳо хонда шавад, танҳо як саҷда воҷиб мешавад. Агар яке аз онҳо дар якчанд маҷлис хонда шавад, ба теъдоди он маҷлисҳо саҷдаи тиловат воҷиб аст. Нияти саҷдаи тиловат чунин аст: “Навайту ан асҷуда саҷдатат-тиловати мутаваҷҷиҳан илал-Каъбати (яъне ният кардам саҷдаи тиловат кунам, рӯ овардам ба қибла) Аллоҳу Акбар” мегӯяд ва як саҷда карда, дар он се ё панҷ ва ҳафт бор “Субҳона Раббиял-Аъло” мегӯяд, сипас Аллоҳу Акбар гуфта, сар аз саҷда мебардорад ва ин дуъоро мехонад: “Саҷадту лир-Раҳмон, ва оманту бир-Раҳмон, фағфир лӣ зунубӣ ё Раҳмон, самиъно ва атаъно, ғуфронака Раббано ва илайкал-масир” (яъне саҷда кардам барои Худои бахшоянда ва ба Ӯ имон овардам, эй Зоти бахшанда, гуноҳони маро биёмурз, шунидему итоат кардем, мағфирати Туро мехоҳем ва бозгаш ба сӯи Туст”. Дар саҷдаи тиловат ташаҳҳуд ва салом вуҷуд надорад.