Савол № 00715

Шахсе, ки таҷвид надонад, аз паси ӯ намоз адо кардан дуруст аст?

Савол:

Ассалому алайкум домуллои азиз. Шахсе, ки таҷвид надонад, аз паси ӯ намоз адо кардан дуруст аст?

Саволдиҳанда:Фарҳод.

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, шахсе, ки намози мардумро мегузорад ва ё имоми мардум аст, бояд аз илми таҷвид ба таври кофӣ бохабар бошад. Агар дар вақти қироати оятҳо лаҳни ҷалӣ (хатои ошкор) пеш ояд, ин ҳолат боиси ботил шудани намоз мегардад. Агар хатои ботилкунанда набошад, намоз дуруст мегардад. Расули акрам (с) дар ҳадисе фармудаанд: “Касе имомат мекунад, ки қироати бештар дорад”. Бинобар ин, бар ҳар имоме донистани илми таҷвид зарур аст.

2016-12-15
3087
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:17
Пешин12:40
Аср17:59
Шом20:01
Хуфтан21:31