Савол № 00718
Ҳангоми шод ва ғамгин шудан чӣ чӣ дуоро бояд хонд?
Савол:
Ҳангоми шод ва ғамгин шудан чӣ чӣ дуоро бояд хонд?
Саволдиҳанда:Шаҳриёр.
Ҷавоб:
Ассалому алайкум. Бародари азиз, ҳангоми шодӣ “Алҳамду лиллоҳиллазӣ биниъматиҳи татиммус-солиҳот” гӯяд ва дар вақти ғамгинӣ ин дуоро бихонад: “Аллоҳумма иннӣ аъузу бика минал-ҳамми вал-ҳазан вал-аҷзи вал-касал вал-ҷубни вал-бухл ва залаъид-дайни ва қаҳрир-риҷол”. Яъне: Худоё, ман аз ғамму андӯҳ, нотавонию танбалӣ, бухлу тарсуӣ, гаронии қарз ва ғалабаи мардон ба ту паноҳ мебарам.