Савол № 00731

Оё падари бенамозро ҳурмат кардан фарз аст?

Савол:

Ассалому алайкум домуллои азиз. Оё падари бенамозро ҳурмат кардан фарз аст?

Саволдиҳанда:Фарҳод.

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, падару модар ду гавҳари ноёб ҳастанд, ки дар ҳама ҳолат эҳтироми онҳо воҷиб аст. Агар онҳо дар ҳолати куфр ҳам бошанд, бояд бо онҳо мусоҳабати некӯ дошта бошед. Чунончи Қуръони карим мефармояд: “...Ва бо онҳо дар (маишати) дунё ба ваҷҳи писандида сӯҳбат дор” (Сураи “Луқмон”, ояти 15). Бинобар ин, падаре, ки намоз намегузорад, нисбати ӯ камтарин беэҳтиромӣ боиси гуноҳ аст. Лекин падару модар бояд пойбанди дастуроти динӣ бошанд, то ин ки фарзандон дар беҳтарин рӯҳияи инсонӣ тарбият шаванд.

2016-12-16
3669
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:29
Пешин12:40
Аср16:24
Шом18:23
Хуфтан19:53