Савол № 00732

Агар ҳамроҳи дӯстон дар ягон тарабхона нишаста соли навро ҷашн гирем, гуноҳ аст ё на? Дар бораи соли нав камтар маълумот медодед.

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Агар ҳамроҳи дӯстон дар ягон тарабхона нишаста соли навро ҷашн гирем, гуноҳ аст ё на? Дар бораи соли нав камтар маълумот медодед.

Саволдиҳанда:Алӣ.

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, илова бар он чи қаблан дар бораи идҳои миллӣ ва динӣ маълумот додем, ҷиҳати бештар равшан шудани масъала метавон гуфт, ки шумо дар ҳар ҷое, ки ин ҷашнро истиқбол мегиред, бояд ин амалатон ба нияти ибодат набошад ва аз он чизҳое, ки шариат моро манъ кардааст, аз қабили бо номаҳрамон як ҷо нишастан ва истеъмоли шаробу дигар чизҳои мамнуъ дар дини мубини Ислом, бояд парҳез кунед.

2016-12-20
3937
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:43
Пешин12:40
Аср17:44
Шом19:45
Хуфтан21:15