Савол № 00734

Мегуфтед, ки дар сари қабр санге, ки мегузорем, мумкин аст?

Савол:

Мегуфтед, ки дар сари қабр санге, ки мегузорем, мумкин аст?

Саволдиҳанда:Абдуҳамид.

Ҷавоб:

Ассалому алайкум. Бародари азиз, санг гузоштан дар сари манзил аз дидгоҳи фиқҳи ҳанафӣ дуруст аст. Дар китоби «Ал-фиқҳу-л-исломӣ ва адиллатуҳу» роҷеъ ба китобати болои қабр чунин овардааст: «Агар эҳтиёҷ пайдо шавад, навиштан дар болои қабр боке надорад, то ки асари қабр нест нагардад ва нисбати он иҳонат нашавад. Абӯдовуд ривоят кардааст, ки Пайғамбар (с) сангеро бардошта назди сари Усмон ибни Мазъун (р) гузошт ва гуфт:

« أتعلم بها قبر أخي، وأدفن إليه من مات من أهلي ».

«Ба ҳамин санг қабри бародарамро мешиносам ва ҳар касеро, ки аз хонаводаам вафот кунад, дар назди ӯ дафн мекунам». («Ал-фиқҳу-л-исломӣ ва адиллатуҳу», ҷ. 2, с. 1553).

2016-12-20
3363
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:42
Пешин12:40
Аср15:13
Шом17:08
Хуфтан18:38