Савол № 00736

Баъзеҳо мегӯянд, ки забҳи чорво рӯзи панҷшанбе баъди намози пешин то намози адои намози ҷумъа нодуруст аст. Чӣ маслиҳат медиҳед?

Савол:

Ассалому алайкум. Баъзеҳо мегӯянд, ки забҳи чорво рӯзи панҷшанбе баъди намози пешин то намози адои намози ҷумъа нодуруст аст. Чӣ маслиҳат медиҳед? Ташаккур.

Саволдиҳанда:Султон.

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, ин суханон ҷуз хурофот ва суханони беҳуда чизи дигаре нест ва ба дини мубини Ислом ҳам рабте надорад. Дини Ислом дар ҳама вақт забҳ кардани ҳайвонро иҷозат додааст. Бинобар ин, ҳар вақте ки шумо мехоҳед, ҳайвонатонро забҳ кунед, фарқ намекунад, ки шаб бошад ё рӯз, панҷшанбе бошад ё ҷумъа. Худованд муҳаббати шуморо нисбати дин боз ҳам зиёда гардонад.

 

2016-12-20
3048
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:42
Пешин12:40
Аср15:13
Шом17:08
Хуфтан18:38