Савол № 00743

Оё мувофиқи қонунҳои шариат барои фарзандони хурдсол туҳфаи солинавӣ харидан мумкин аст?

Савол:

Ассалому алайкум домуллои азиз. Оё мувофиқи қонунҳои шариат барои фарзандони хурдсол туҳфаи солинавӣ харидан мумкин аст? Қаблан миннатдорам.

Саволдиҳанда:Меҳмон.

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, албатта хурсанд кардани фарзандон ва харидани туҳфа барои онҳо рӯзи муайян надорад, ҳар вақте ки волидайн дорои шароити хуби молӣ бошанд, метавонанд ба фарзандони худ туҳфаҳо тақдим намоянд. Дар рӯзҳои соли нав ҳам, ҳамчун як иди қонунӣ ба қадри тавоноияш ба фарзандон туҳфае дода, моҳияти соли навро ба онҳо фаҳмонад, хуб мешавад, яъне ҷашни соли нав як одат аст, на ибодат.

2016-12-24
3136
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:42
Пешин12:40
Аср15:13
Шом17:08
Хуфтан18:38