Савол № 00744
Баъд аз таом хӯрдан чӣ тавр бояд дуо кард?
Савол:
Ассалому алайкум. Баъд аз таом хӯрдан чӣ тавр бояд дуо кард?
Саволдиҳанда:Муҳаммад.
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, пас аз фориғ шудан аз таом ин дуо хонда мешавад: “Ал-ҳамду лиллоҳиллазӣ атъамано ва сақоно ва ҷаъалано минал-муслимин”. Яъне ҳамду сано бар Худованде, ки ба мо таому об дод ва моро аз зумраи мусулмонон гардонид.
2016-12-24
16580