Савол № 00746

Дар бораи ақиқа каме маълумот медодед. Оё дар Ислом ин шарт ва зарур аст? Агар зарур бошад, барои шахсоне, ки имконияти қурбонӣ надоранд, чӣ гуна аст?

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Дар бораи ақиқа каме маълумот медодед. Оё дар Ислом ин шарт ва зарур аст? Агар зарур бошад, барои шахсоне, ки имконияти қурбонӣ надоранд, чӣ гуна аст?

Саволдиҳанда:Абдуллоҳ.

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, ақиқа аз дидгоҳи фиқҳи ҳанафӣ амали мустаҳаб ва хуб буда, ба имконият ва тавоноии шахс вобаста аст ва дар он ҷиҳати осонӣ ва тайсир мадди назар гирифта шудааст, зеро Худованд мефармояд: «Худованд ба шумо осониро мехоҳад ва ба шумо гарониро намехоҳад». Аз Оиша (р) ривоят аст, ки гуфт: «Расули Худо (с) аз барои Ҳасан (р) ва Ҳусайн (р) дар рӯзи ҳафтум ақиқа кард». Бинобар ин, агар падари навзод тавоноӣ дошта бошад, хуб аст, ки дар рӯзи ҳафтум ақиқа кунад ва агар тавоноӣ надошт, ишколе нест. Вақти мустаҳаб барои ақиқа рӯзи ҳафтум аст ва таъйини рӯзи ҳафтум амри ҳатмӣ нест, балки агар дар рӯзи ҳаштум, даҳум ва ё баъд аз он ҳам забҳ кунад, ҷоиз аст. Ақиқа барои писар ду гӯсфанд ва барои духтар як гӯсфанд аст. Илова бар ин, амали ақиқа изҳори хурсандӣ кардан бо баргузор намудани яке аз шиорҳои Ислом аст, зеро ба сабаби таваллуд шудани фарзанди мӯъмин Расули Худо (с) дар рӯзи қиёмат ба ӯ тафохур мекунад. Ҳикмати машруъияти ақиқа фидяест, ки бо он навзод аз мусибатҳо ва офатҳо эмин мемонад. Чунонки Расули Худо (с) фармуданд: «Ҳар навзоде дар гарави ақиқае мебошад, ки дар рӯзи ҳафтуми таваллуди ӯ забҳ мегардад ва дар он рӯз номгузорӣ шуда, мӯи сараш тарошида мешавад». (Ривояти асҳоби Сунан)

2016-12-24
5470
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:38
Пешин12:40
Аср15:15
Шом17:10
Хуфтан18:40