Савол № 00747

Оиди китоби “Дуррул-мухтор” чӣ мегӯед. Оё чопи форсии ин китоб мавҷуд ҳаст?

Савол:

Ассалому алайкум домуллои муҳтарам. Оиди китоби “Дуррул-мухтор” чӣ мегӯед. Оё чопи форсии ин китоб мавҷуд ҳаст? Сипосгузорам.

Саволдиҳанда:Султон.

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, китоби “Ад-дуррул-мухтор” аз таълифоти Муҳаммад Алоуддини Ҳаскафӣ дар фиқҳи ҳанафӣ мебошад, ки дар он матни “Танвирул-абсор”-и Муҳаммад ибни Абдуллоҳи Тумуртоширо шарҳ додааст. Аз сабаби он ки ин китоб бағоят мухтасар аст, Аллома Ибни Обидини Шомӣ бар он ҳошияе бо номи “Раддул-муҳтор” навиштааст, ки яке аз китобҳои умда дар фиқҳи ҳанафӣ ба шумор меравад. То ҷое, ки огоҳӣ дорем, нусхаи форсии ин китоб вуҷуд надорад, балки ҳам матн ва ҳам шарҳу ҳошия бо забони арабӣ аст.

2016-12-24
4108
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:42
Пешин12:40
Аср15:13
Шом17:08
Хуфтан18:38