Савол № 00748

Оё пеш аз никоҳ мард гӯяд, ки зани мегирифтагиамро талоқ кардам, талоқ воқеъ мешавад ё на? Агар воқеъ шавад. Мард чӣ бояд кунад?

Савол:

Ассалому алайкум. Оё пеш аз никоҳ мард гӯяд, ки зани мегирифтагиамро талоқ кардам, талоқ воқеъ мешавад ё на? Агар воқеъ шавад. Мард чӣ бояд кунад?

Саволдиҳанда:Аҳлиддин.

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, аз дидгоҳи фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ дар ин масъала пас аз ақди никоҳ ҳамсари ин шахс як талоқи раҷъӣ мешавад. Ҳукми талоқи раҷъӣ ин аст, ки пас аз руҷуъ ба зан (яъне бӯса ё оғӯш кардани зан) дубора никоҳашон дуруст мешавад. Лекин беҳтар аст, ки ду шоҳид барои руҷуъаш ҳозир намояд. Ногуфта намонад, ки масоили талоқ тафсилоти бештарро талаб мекунад, аз ин рӯ, беҳтар аст, ки ба Раёсати фатво муроҷиат кунед.  

2016-12-24
3899
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:07
Пешин12:40
Аср15:26
Шом17:23
Хуфтан18:53