Савол № 00753

Домуллои гиромиқадр,маро модарам фақат мегӯяд, ки ту бангӣ ҳастӣ, аммо ман ба ин хел корҳо даст намезанам. Гӯед ман чӣ кор кунам, ки модарам ба ман бовар кунад...

Савол:

Домуллои гиромиқадр,маро модарам фақат мегӯяд, ки ту бангӣ ҳастӣ, аммо ман ба ин хел корҳо даст намезанам. Гӯед ман чӣ кор кунам, ки модарам ба ман бовар кунад, ман кори давлат мекунам, баъд аз кори давлат рост ба хона меоямм, камтар, ки ғамгин мешавам, берун меравам ва як миқдор меистам, боз хона меоям, модарам ба ман мегӯяд ту нашъамандӣ, ту фақат шаб берун мебароӣ. Аз Шумо эхтиромона хохиш менамоям, ки ба ман маслихати хуб диҳед. Худо аз Шумо розӣ бошад домуллои азиз.

Саволдиҳанда:Насим.

Ҷавоб:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, шумо медонед, ки падару модар ду гавҳари ноёб ҳастанд, агар яке аз ин ду нафар аз шумо норозӣ бошанд, ягон кори шумо барор намегирад. Чунки розигии Парвардигор дар розигии ин ду нафар аст.  Бинобар ин, шумо аз кор, ки омадед, вақтатонро дар хидмати онҳо, хусусан модаратон сарф кунед, то ки розигии модарро ба даст оред, чунки баъзеҳо баъд аз гузаштани ин ду гавҳари ноёб қадру манзалати онҳоро мефаҳманд, ки дер мешавад. Агар шумо қадри ин гавҳарро бидонед, қобилияту маҳорататонро дар хидмати модар ба фараҳу хушӣ табдил медиҳед, чунки ҳеҷ суруре беҳтар ва болотар аз ин вуҷуд надорад. Қалби модар нисбати фарзанд бо шавқат мебошад, шумо бо гуфтани суханҳои хуш ё тақдим намудани тӯҳфаҳои дӯстдоштааш ва изҳори эҳтирому муҳаббат дили модарро ба даст биёред ва дуои некашро соҳиб шавед. Ин кор чандон душвор нест, чаро ки модараст, ҳамзамон модар барои ҳар фарзанд дари кушода ба ҷаннат мебошад.

2016-12-27
3571
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:07
Пешин12:40
Аср15:26
Шом17:23
Хуфтан18:53