Савол № 00076

Оё аз моли майит закот дода мешавад?

Савол:

Оё аз моли майит закот дода мешавад?

Саволдиҳанда:Сафар

Ҷавоб:

Аз моли майит закот дода намешавад, зеро дар закот ният шарт аст ва майит аҳли ният нест. Аммо агар майит барои адои закот васият карда бошад, пас аз сеяки молаш закотро адо мекунанд. Агар ворисон ҳама болиғ бошанд, метавонанд бештар аз сеяки мол закотро адо кунанд, ки дар ин сурат ба майит савоби бештар мерасад. (“Баҳрур-роиқ”, ҷ.2, с.201, “Раддул муҳтор”, ҷ.2, с. 267, “Фатовои ҳиндӣ”, ҷ.2, с.179).

2015-04-01
4514
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:05
Пешин12:40
Аср15:16
Шом17:14
Хуфтан18:44