Савол № 00767

Ман баъд аз ҳоҷат тамом кардан бо дасти ростам худамро покиза мекунам оё ин гуноҳ аст? Дасти чапам ягон дард надорад, вале бо дасти чап дилам ором намегирад.

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ. Ман баъд аз ҳоҷат тамом кардан бо дасти ростам худамро покиза мекунам оё ин гуноҳ аст? Дасти чапам ягон дард надорад, вале бо дасти чап дилам ором намегирад.

Саволдиҳанда:Билолиддин.

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, он чи дар масъалаи мустаҳаб омадааст, суннати он бо дасти чап аст, лекин инсони маъзур метавонад, ки ин амалро бо дасти росташ анҷом диҳад. Албатта агар шумо бо дасти чапатон ба хубӣ покиро ҳосил карда наметавонед, мумкин аст, ки бо дасти ростатон ин амалро анҷом диҳед. Вале беҳтар ва хубтар ин аст, ки ҳар амал тибқи суннат анҷом дода шавад.

2017-01-05
5037
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:04
Пешин12:40
Аср15:15
Шом17:13
Хуфтан18:43