Савол № 00768

Оё зан ва шавҳар як ҷо истода намози ҷамоат кунанд, мешавад? Дар вақти истодан бояд зан дар паҳлуи шавҳар бошад ё пастар?

Савол:

Ассалому алайкум. Домуллои муҳтарам, оё зан ва шавҳар як ҷо истода намози ҷамоат кунанд, мешавад? Дар вақти истодан бояд зан дар паҳлуи шавҳар бошад ё пастар? Имрӯз дар телефонҳо нусхаи электронии Қуръони карим мавҷуд аст, мегуфтед, ки чӣ гуна бояд онро истифода намуд?

Саволдиҳанда:Фараҳноз.

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Хоҳари азиз, албатта зану шавҳар метавонанд, ки намозро бо ҷамоат гузоранд, дар ин ҳолат зан дар пушти мард меистад, на дар паҳлуяш. Дар бораи истифодаи нусхаи электронии Қуръони карим бошад, шумо метавонед онро бе таҳорат хонед ва бо худ гардонед, зеро ки он ҳукми Қуръони дар дастдоштаро надорад.

2017-01-27
3527
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:07
Пешин12:40
Аср15:29
Шом17:26
Хуфтан18:56