Савол № 00770

Ҳангоми дар оғӯш гирифтани зани худ ё бӯсидан аз лабаш таҳорат мешиканад? Дар кадом ҳолат таҳорат мешиканад?

Савол:

Ҳангоми дар оғӯш гирифтани зани худ ё бӯсидан аз лабаш таҳорат мешиканад? Дар кадом ҳолат таҳорат мешиканад? Илтимос пурра фаҳмонед.

Саволдиҳанда:Азиз.

Ҷавоб:

Ассалому алайкум. Бародари азиз, дар ин ҳолат агар обе аз бадан хориҷ шавад, таҳорат мешиканад, агар об хориҷ нашавад, таҳорат барқарор аст. Таҳорат дар ҳолатҳои зерин мешиканад: 1. Хориҷ шудани наҷосат ба монанди пешоб, ахлот, манӣ, мазӣ ва ғайрааз роҳи пеш ва паси инсон. 2. Берун шудани хун ва зардоб аз бадан. 3. Қай кардан, бо пурии даҳон. 4. Девонагӣ. 5. Беҳушӣ. 6. Хуруҷи бод аз қафо. 7. Бо такя ё ба паҳлу хобидан. 8. Хандидан дар намоз ба тавре ки дигарон шунаванд.

2017-01-05
5620
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:07
Пешин12:40
Аср15:26
Шом17:23
Хуфтан18:53