Савол № 00771

Оё ин ҳадис дуруст аст, ки Пайғамбар (с) гуфта бошад: “Мӯйҳои худро тавре кӯтоҳ накунед, ки ҷонибҳои сар тарошида ва болои он баланд бошад”?

Савол:

Ассалому алайкум. Аз ҳайати Шӯро суоле доштам, лутфан бо далели қонеъкунанда посух диҳед. Оё ин ҳадис дуруст аст, ки Пайғамбар (с) гуфта бошад: “Мӯйҳои худро тавре кӯтоҳ накунед, ки ҷонибҳои сар тарошида ва болои он баланд бошад”? Қаблан ташаккур.

Саволдиҳанда:Ҳаким.


 

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, албатта ин ҳадис дуруст аст ва дар китобҳои ҳадис ворид шудааст. Аз Абдуллоҳ ибни Умар (р) ривоят аст, ки фармуд:

نَهَى رَسُولُ اللَّهِ -صلى الله عليه وسلم- عَنِ الْقَزَعِ وَالْقَزَعُ أَنْ يُحْلَقَ رَأْسُ الصَّبِىِّ فَيُتْرَكَ بَعْضُ شَعْرِهِ.

“Расули Худо (с) аз қазаъ наҳй карданд. Қазаъ он аст, ки сари кӯдакро тарошида як қисмати онро боқӣ гузоранд”. Дар ривояти дигар омадааст, ки “сари кӯдакро тарошанд ва барои ӯ кокул гузоранд”. Аз дидгоҳи фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ қазаъ амали макрӯҳ ба шумор меравад.
 

2017-01-06
3069
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:42
Пешин12:40
Аср15:13
Шом17:08
Хуфтан18:38