Савол № 00780
Домуллои азиз, дар вақти намоз бисёр парешонхотирам, яъне фикрам дар дигар ҷо мешавад, барои пешгирӣ ягон маслиҳат медодед.
Савол:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Домуллои азиз, дар вақти намоз бисёр парешонхотирам, яъне фикрам дар дигар ҷо мешавад, барои пешгирӣ ягон маслиҳат медодед.
Саволдиҳанда:Абдулҳамид.
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, бисёре аз намозгузорон дар вақти намоз ба парешонхотирӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Инсони намозгузор бояд талош кунад, ки дар вақти намоз ба мазмун ва маънои оятҳо ва зикрҳо биандешад ва то ҳадди имкон бар фикру андешааш тасаллут дошта бошад. Барои огоҳии бештар оиди ин масъала шумо метавонед ба китоби “Кимиёи саодат” – таълифи Имом Ғазолӣ муроҷиат намоед.