Савол № 00781

Бародаре никоҳ мекунад (никоҳ ду бор сурат мегирад, зеро бори аввал муллое, ки никоҳ кард, мавриди бовар набуд ва ба хотири дур шудани шубҳа дар зиндагӣ тасмим гирифтанд, ки бори дигар никоҳ кунанд).

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ. Бародаре никоҳ мекунад (никоҳ ду бор сурат мегирад, зеро бори аввал муллое, ки никоҳ кард, мавриди бовар набуд ва ба хотири дур шудани шубҳа дар зиндагӣ тасмим гирифтанд, ки бори дигар никоҳ кунанд). Баьд аз никоҳи дувум зан ба шавҳараш шӯхиомез мегӯяд, ки мо то ҳоло куллан барои ҳамдигар ҳалол нестем, бояд бори дигар никоҳ кунем, мард низ шӯхиомез мегӯяд, ки хуб (яъне мо ин гуна мекунем). Оё дар ин сурат талоқ воқеъ мешавад? Лутфан зудтар ҷавоб гардонед.

Саволдиҳанда:Муслим.

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, шумо дар давоми зиндагии худ аз рӯи эҳтиёт дубора никоҳ кардед, ин кори хуб аст ва ягон зиёне надорад. Он суханоне, ки шумо ба ҳамсаратон гуфтед, агар ба мақсади талоқ нагуфта бошед, ягон эътибор надорад. (“Хулосатул-масоил”, с. 33-35).

2017-01-08
3641
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:29
Пешин12:40
Аср16:24
Шом18:23
Хуфтан19:53