Савол № 00786

Мегуфтед, ки агар шахсе машғули хондани намози суннат, таҳияи масҷид, нафл ва ё шукри вузӯ бошад, дар ин ҳолат барои адои фарз иқомат гуфта шавад, ин шахс чӣ кор бояд кунад. Илтимос, тибқи мазҳаби ҳанафӣ ҷавоб гӯед.

Савол:

Домуллои азиз, мегуфтед, ки агар шахсе машғули хондани намози суннат, таҳияи масҷид, нафл ва ё шукри вузӯ бошад, дар ин ҳолат барои адои фарз иқомат гуфта шавад, ин шахс чӣ кор бояд кунад. Илтимос, тибқи мазҳаби ҳанафӣ ҷавоб гӯед. Бо салом,

Саволдиҳанда:Асомуддин

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, вақте ки дар намози нафл (таҳияи масҷид ва шукри вузӯ) ё суннат шуруъ кардаед ва дар ин асно намози фарз барпо шавад, бояд ки он намозро ба итмом расонед, сипас ба намози фарз иқтидо кунед. Дар китоби “Шарҳи Илёс” меорад: “Ҳар гоҳе дар намози нафл шуруъ кард ва ҳанӯз саҷда накарда буд, ки дар ин вақт намози фарз барпо шуд, намозашро қатъ намекунад, балки онро ду ракъати комил мегузорад, сипас ба фарз иқтидо мекунад“. (“Шарҳи Илёс”, ҷ. 1, с. 181-182).

2017-01-11
3462
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:07
Пешин12:40
Аср15:29
Шом17:26
Хуфтан18:56