Савол № 00788

Салом гуфтан чӣ ҳукм дорад? Доир ба одоби салом чанд насиҳате мекардед.

Савол:

Салом гуфтан чӣ ҳукм дорад? Доир ба одоби салом чанд насиҳате мекардед.

Саволдиҳанда: Абдулло.

Ҷавоб:

Ассалому алайкум. Бародари азиз, салом гуфтан яке аз суннатҳои Пайғамбар (с) аст, ки умматро ба он ташвиқ намудааст. Чунончи дар ҳадисе мефармоянд: “Савганд ба Зоте, ки ҷонам дар дасти ӯст, ба биҳишт ворид намешавед, то ин ки имон оваред ва мӯъмин ба шумор намеравед, то ин ки бо ҳам дӯстӣ кунед. Оё шуморо ба коре роҳнамоӣ накунам, ки чун онро амалӣ кунед,  бо ҳам муҳаббат ва дӯстӣ менамоед? Саломро дар миёнатон фош кунед”. (Ривояти Муслим). Салом дорои ёздаҳ одоб аст: 1. Суннат аст, ки чун ду нафар бо ҳам рӯ ба рӯ шуданд, салом диҳанд. 2. Саломдиҳанда ба мусулмон дуруд ва таҳият гӯяд. 3. Чун ба хонааш дарояд, салом гӯяд. 4. Саломро баланд гӯяд. 5. Ҳангоми ҷудо шудан аз рафиқаш салом гӯяд. 6. Агар аз якдигар дур бошанд, бо ишора салом гӯяд. 7. Ҳангоми ворид шудан ба маҳфил салом гӯяд. 8. Даст ба даст салом кунад. 9. Бо чеҳраи кушода салом кунад. 10. Ба кӯдакон салом диҳад. 11. Агар фитна набошад, мард ба зан ва зан ба мард салом диҳад.

2017-01-11
4216
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:42
Пешин12:40
Аср15:13
Шом17:08
Хуфтан18:38