Савол № 00790

Рӯзе ман бо ҳамсарам ҷанҷол кардам, ӯ аз ман қаҳр карда, ба номи Худо қасам хӯрд, ки ба тӯи хешовандонамон нахоҳад рафт. Баъд аз он ман ба хотири шарманда нашудан дар назди хешовандон зора намуда, ӯро розӣ кардам ва ба тӯй бурдам.

Савол:

Рӯзе ман бо ҳамсарам ҷанҷол кардам, ӯ аз ман қаҳр карда, ба номи Худо қасам хӯрд, ки ба тӯи хешовандонамон нахоҳад рафт. Баъд аз он ман ба хотири шарманда нашудан дар назди хешовандон зора намуда, ӯро розӣ кардам ва ба тӯй бурдам. Домуллои азиз, дар ин ҳолат кӣ гунаҳгор мешавад? Ман аз ҳамон рӯз пушаймонам ва хеле ғамгин ҳастам. Худо нигоҳбони Шумо.

Саволдиҳанда: Маҳмудҷон.

Ҷавоб:

Ассалому алайкум. Бародари азиз, дар масъалаи мазкур ҳарчанд шумо ба хотири обрӯи худ ҳамсаратонро розӣ кардаед, вале мутаассифона ҳамсаратон қасамашро шикастааст. Бинобар ин, бар ӯ каффорати қасам лозим аст. Каффорати қасам иборат аз ин аст, ки даҳ мискинро саҳару бегоҳ таом диҳад ё ки ба даҳ мискин либос пӯшонад ва ё се рӯз рӯза дорад. Агар ҳамсари шумо яке аз ин се чизро ба ҷо овард, аз бори гуноҳи қасам берун меояд. (“Мухтасарул-виқоя”, с. 78-79) 

2017-01-11
3658
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:07
Пешин12:40
Аср15:26
Шом17:23
Хуфтан18:53