Савол № 00792
Лутфан мегуфтед, ки муаллифи “Чоркитоб” кист?
Савол:
Лутфан мегуфтед, ки муаллифи “Чоркитоб” кист?
Саволдиҳанда: Яъқуб.
Ҷавоб:
Ассалому алайкум. Бародари азиз, “Чоркитоб” аз чор китоби ҷудогона иборат аст, ки дар як маҷмуъа гирдоварӣ шудааст. Китоби якуми ин маҷмуъа манзум буда, “Номи Ҳақ” ном дорад ва муаллифи он Мавлоно Шарафуддини Бухорӣ (р) аст. Таърихи навишта шудани китоб ба соли 710-уми ҳиҷрӣ рост меояд. Китоби дувум ба наср навишта шуда ва муаллифаш номаълум аст. Китоби сеюм “Муҳиммотул-муслимин” ном дорад ва муаллифи он низ номаълум аст. Китоби чорум асари манзуми Шайх Фаридуддини Аттор (р) аст ва “Панднома” ном дорад. Таърихи ҷамъоварии ин китобҳо дар як маҷмуъа дақиқ маълум нест. Ба ҳар ҳол “Чоркитоб” яке аз китобҳои асосӣ ва муқаддамотӣ дар низоми дарсии мадориси Бухоро ва ҳавзаи илмии Мовароуннаҳр ба шумор рафта ва то кунун аҳаммияти таълимӣ ва тарбиявӣ дорад.