Савол № 00795
Аз баъзеҳо фаҳмидам, ки бо номи “Фатвои девбандӣ” (ё мумкин номаш дигартар бошад) китобе ҳаст. Оё ин китоб ба мазҳаби мо мувофиқ аст? Аз ин китоб истифода барем, мешавад.
Савол:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ домуллои азиз. Аз баъзеҳо фаҳмидам, ки бо номи “Фатвои девбандӣ” (ё мумкин номаш дигартар бошад) китобе ҳаст. Оё ин китоб ба мазҳаби мо мувофиқ аст? Аз ин китоб истифода барем, мешавад. Муташаккир.
Саволдиҳанда: Султон.
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, Девбанд мадрасае аст дар кишвари Ҳиндустон, ки тамоми уламои он ҳанафимазҳаб ҳастанд. Китоби “Фатовои Девбанд” китоби муътамад ва муътабар аст, ки олами ҳанафимазҳаб аз он истифода мебаранд. Чунончи китоби “Фатовои Оламгирӣ” ҳам моли ҳамин мадраса аст, ки дар замони Шоҳ Оламгир навишта шудааст ва дар кишвари мо бо номи “Фатовои Ҳиндӣ” маъруф ва машҳур аст.