Савол № 00008

Домуллои мухтарам тариқаи азонро барои мо мегуфтед

Савол:

Ассалому алайкум ва рахматуллох!
Домуллои мӯҳтарам! Худованд илми шуморо зиёд гардонаду дар хизмати динаш устувор гардонад!
Тариқаи азонро барои мо мегуфтед домуллои мӯҳтарам.

Саволдиҳанда Ҷамшед

 

Ҷавоб:

Ҳангоме‌ ки‌ вақти‌ намоз фаро ме‌расад, чанд лаҳза‌ пеш‌ аз хондани‌ намоз рӯ ба‌ қибла‌ истода‌ ва бо садои‌ баланд калимоти‌ зайл‌ гуфта‌ ме‌шаванд, ки‌ дар истилоҳи шариат онро «азон» ме‌номанд.

Равиши азон:

Аллоҳу Акбар, Аллоҳу Акбар, Аллоҳу Акбар, Аллоҳу Акбар.
Ашҳаду ан ло илоҳа иллаллоҳ, Ашҳаду ан ло илоҳа иллаллоҳ.
Ашҳаду анна Муҳаммадар-Расулуллоҳ, Ашҳаду анна Муҳаммадар-Расулуллоҳ.
Ҳайя алас-салоҳ, Ҳайя алас-салоҳ.
Ҳайя алал-фалоҳ, Ҳайя алал-фалоҳ.
Аллоҳу Акбар, Аллоҳу Акбар.
Ло илоҳа иллаллоҳ

Тарҷума:

Худо бузург‌ аст, Худо бузург‌ аст, Худо бузург‌ аст, Худо бузург‌ аст.
Гувоҳӣ‌ ме‌диҳам,‌ ки‌ ба ҷуз Худо дигар маъбуде‌ нест.
Гувоҳӣ‌ ме‌диҳам,‌ ки‌ ба ҷуз Худо дигар маъбуде‌ нест.
Гувоҳӣ‌ ме‌диҳам,‌ ки‌ Ҳазрати‌ Муҳаммад (с) фиристодаи‌ Худованд аст. Гувоҳӣ‌ ме‌диҳам,‌ ки‌
Ҳазрати‌ Муҳаммад (с) фиристодаи‌ Худованд аст.
Бишитобед ба‌ сӯйи‌ намоз, бишитобед ба‌ сӯйи‌ намоз.
Бишитобед ба‌ сӯйи‌ растагорӣ, бишитобед ба‌ сӯйи‌ растагорӣ.
Худо бузург‌ аст, Худо бузург‌ аст.
Ба ҷуз Худо дигар маъбуде‌ нест.

Дар намози бомдод, баъд аз гуфтани‌ «Ҳайя‌ ала-л-‌ фалоҳ» ду бор «Ас-салоту хайрун мина-н
навм» гуфта‌ ме‌шавад, ки‌ маънояш‌ чунин‌ аст: «Намоз аз хоб‌ беҳтар аст». 

2015-01-22
4183
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:06
Пешин12:40
Аср15:30
Шом17:27
Хуфтан18:57