Савол № 00804

Шахсе бигӯяд, ки ба фалонӣ салом бигӯ, бояд ҳатман ба он кас салом бигӯӣ, агар нагӯӣ, гунаҳгор мешавӣ?

Савол:

Ассалому алайкум домулло. Шахсе бигӯяд, ки ба фалонӣ салом бигӯ, бояд ҳатман ба он кас салом бигӯӣ, агар нагӯӣ, гунаҳгор мешавӣ?

Саволдиҳанда: Муҳаммад.

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, агар касе ба дасти шумо салом фиристод, расонидани он дар зиммаи шумо амонат аст, бояд онро расонед, вагарна гунаҳгор мешавед. Худованд мефармояд: “Ва ҳамонҳое, ки амонатҳои худ ва аҳди худро риояткунандаанд”. (Сураи “Мӯъминун», ояти 8).

2017-01-24
3071
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:42
Пешин12:40
Аср17:46
Шом19:47
Хуфтан21:17