Савол № 00805

Оё дар вақти намозро бо ҷамоат хондан муқтадӣ дар ягон ҳолат сура мехонад?

Савол:

Ассалому алайкум. Оё дар вақти намозро бо ҷамоат хондан муқтадӣ дар ягон ҳолат сура мехонад?

Саволдиҳанда: Қудратулло.

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, аз дидгоҳи фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ муқтадӣ дар намози бо ҷамоат аз паси имом сура намехонад, балки фақат сано (“Субҳонакаллоҳумма”) хонда,дар вақти қироати имом хомӯш меистад, аммо дигар тасбеҳҳои рукуъу суҷуд, “Аттаҳийёт” ва салавоту дуоҳоро мехонад.

2017-01-24
3071
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:07
Пешин12:40
Аср15:29
Шом17:26
Хуфтан18:56