Савол № 00806

Ман бо духтаре издивоҷ кардан мехоҳам. Лекин он зан одоби исломиро намедонад. Ман бо ӯ издивоҷ кунам, раво аст?

Савол:

Ассалому алайкум домуллои гиромиқадр. Ман бо духтаре издивоҷ кардан мехоҳам. Лекин он зан одоби исломиро намедонад. Ман бо ӯ издивоҷ кунам, раво аст?

Саволдиҳанда: Саидалӣ.

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, дар ҷомеаи имрӯз бисёриҳо ҳастанд, ки одоби исломиро намедонанд. Шумо бо он хоҳар издивоҷ кунед, баъд аз он оҳиста-оҳиста бо равиши некӯ ахлоқи исломиро ба ӯ фаҳмонед. Дар ҷодаи зиндагӣ мард сарвару масъул аст. Худованд ёру мададгори шумо.

2017-01-24
2984
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:06
Пешин12:40
Аср15:33
Шом17:30
Хуфтан19:00