Савол № 00808

Агар имконияти дар вақти гузоридани намоз набошад, намозро барвақттар гузорем, мумкин аст?

Савол:

Ассалому алайкум. Агар имконияти дар вақти гузоридани намоз набошад, намозро барвақттар гузорем, мумкин аст?

Саволдиҳанда: Абдуқаҳҳор.

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, гузоридани намоз дар вақташ фарз аст, зеро Худовнад мефармояд: “Ба дурустӣ ки намоз бар мӯъминон фарзи вақти муайянкардашуда аст”.(Сураи “Нисо”, ояти 103). Аз ин рӯ, пеш аз даромадани вақт гузоридани намоз дуруст нест.

2017-01-24
3944
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:06
Пешин12:40
Аср17:14
Шом19:21
Хуфтан20:51