Савол № 00821

Аз Шумо эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки тарзи дуруст хондани намозро ба ман ҷавоб медодед. Ман дар бисёр ҷойҳо бо намудҳои гуногуни намозхонӣ рӯ ба рӯ шудам. Масалан: “Аллоҳуммағфир лӣ, Аллоҳумма антассалом”. Дар чанд китоб ҳар гуна навишта шудааст.

Савол:

Ассалому алайкум. Аз Шумо эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки тарзи дуруст хондани намозро ба ман ҷавоб медодед. Ман дар бисёр ҷойҳо бо намудҳои гуногуни намозхонӣ рӯ ба рӯ шудам. Масалан: “Аллоҳуммағфир лӣ, Аллоҳумма антассалом”. Дар чанд китоб ҳар гуна навишта шудааст.

Саволдиҳанда: Мартин.

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, тарзи дурусти гузоридани намоз аз нигоҳи мазҳаби Имоми Аъзам (р) бо такбир – “Аллоҳу Акбар” оғоз шуда, бо салом додан ба ду ҷониб ба итмом мерасад. Баъд аз салом дуои “Аллоҳумма Антас-Салом” ва зикру тасбеҳотро хондан мустаҳаб аст. Барои огоҳии бештар ба ин мавзӯъ шумо метавонед, ки аз бахши “Китобхона”-и сомона китоби “Таълими Ислом”-ро мутолиа кунед, иншоаллоҳ баҳраманд мешавед. 

2017-01-27
3756
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:07
Пешин12:40
Аср15:29
Шом17:26
Хуфтан18:56