Савол № 00826

Шавҳарам барои бекор кардани ақди никоҳ ариза додааст. Бародараш маҷбур карда истодааст, ки занашро ҷавоб диҳад. Ҳозир дар як хона зиндагӣ мекунем...

Савол:

Ассалому алайкум. Шавҳарам барои бекор кардани ақди никоҳ ариза додааст. Бародараш маҷбур карда истодааст, ки занашро ҷавоб диҳад. Ҳозир дар як хона зиндагӣ мекунем. Оё ман ҳуқуқ дорам, ки аз шавҳарам талаб намоям, то бо ман хонадорӣ кунад? Чунки саломатиам аз ҷиҳати занона он қадар хуб нест. Шавҳарам мегӯяд, ки ҳангоми дар идда қарор доштани зан набояд мард хонадорӣ намояд. Оё ин рост аст?

Саволдиҳанда: Маликахон.

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Хоҳари азиз, агар дар ҳақиқат шавҳаратон шуморо талоқ дода бошад, пас ҳамбистар шудани шумо мамнуъ аст ва шумо ҳуқуқи талаб кардани онро надоред. Тазаккур бояд дод, ки дар ҳалли масоили хонаводагӣ қазия аз шавҳар пурсида мешавад, зеро талоқ моли мард аст. Бинобар ин, агар шумо хоҳед, ки дар ин маврид ҷавоби муфассал пайдо кунед, беҳтар аст, ки шавҳаратон дар сурати имкон ба Раёсати фатво муроҷиат намояд.

2017-01-28
4061
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:07
Пешин12:40
Аср15:23
Шом17:21
Хуфтан18:51