Савол № 00083
Шахсе, ки дар бадан нақши холкубӣ дорад, оё дар намозаш ягон кароҳияте бавуҷуд меорад?
Савол:
Домуллои азиз илтимос ба якчанд масъалаҳои ман ҷавобҳои илмӣ диҳед.
Шахсе, ки дар бадан нақши холкубӣ дорад, оё дар намозаш ягон кароҳияте бавуҷуд меорад?
Оё чунин шахсе имоматӣ карда метавонад?
Агар ба сабаби ҷарроҳӣ дур кардани он мумкин бошад, ин амалро анҷом диҳад ё на?
Бо эҳтиром бародари шумо Абдуғаффор аз н. Рашт
Ҷавоб:
Бародари азиз ба ин масъалаҳои Шумо чунин посух медиҳем, ки холкӯбӣ намудани бадан, ки баъзе ашхос бо сузан баданашонро сурох намуда, дар он суратҳо ва навиштаҷоти гуногунро нақш мекунанд, шаръан гуноҳаст. Ҳазрати Пайғамбар (с) чунин фардеро мавриди лаънат қарор додааст, чунончи Бухорӣ ва Муслим аз Абдуллоҳ ибни Умар (р) ривоят мекунанд, ки фармуд:
لَعَنَ رَسُولُ اللَّهِ -صلى الله عليه وسلم- الْوَاصِلَةَ وَالْمُسْتَوْصِلَةَ وَالْوَاشِمَةَ وَالْمُسْتَوْشِمَةَ.
“Расули Худо (с) зани пайвандкунандаи мӯй ва занеро, ки мӯяшро пайванд мекунад ва зани холкӯбикунанда ва зани холкӯбӣ кардашударо лаънат карданд”.
Аммо агар касе қаблан ба сабаби нодонӣ ва бетаваҷҷуҳӣ чунин кореро анҷом дода бошанд ва ҳоло дур сохтани он бидуни амали ҷароҳӣ имконпазир намебошад. Ин навъ афрод бар ин гуноҳи худ истиғфор ва тавба кунанд, дур кардани он ба сабаби амали ҷарроҳӣ лозим нест. Дар намозҳои ӯ халале ворид намешавад, инчунин имоматии ингуна ашхос бидуни шубҳа ҷоиз аст. (Раддул-муҳтор ҷ.1, саҳ.242)