Савол № 00833
Лутфан бигӯед, ки маънои номи Лутфулло чист? Бархе мегӯянд маънояш «лутфи нестӣ» мебошад ва ман бояд Лутфуллоҳ мешудам, на ин ки Лутфулло.
Савол:
Ассалому алайкум домуллои муҳтарам! Лутфан бигӯед, ки маънои номи Лутфулло чист? Бархе мегӯянд маънояш «лутфи нестӣ» мебошад ва ман бояд Лутфуллоҳ мешудам, на ин ки Лутфулло. Хоҳишмандам ба саволи ман посухи саҳеҳ диҳед!
Саволдиҳанда: Лутфулло.
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, номи зебо ва бомаъно ифодакунандаи арзиши маънавии инсон аст ва талаффузи нодурусти он аз нигоҳи шариат гуноҳ шумурда мешавад. Мутаассифона аҳёнан мушоҳида мешавад, ки бархе нафарон аз ноогоҳӣ ва ё қасдан номи мусоҳиби худ ва ё нафари дигарро нодуруст ба забон меоранд. Тарзи дурусти номи шумо Лутфуллоҳ аст ва аз охири он андохтани ҳамсадои “ҳ-“ ғалат аст. Калимаи “лутф” ба маънои нармӣ, тозагӣ ва эҳсону марҳамат меояд. Пас маънои номи шумо эҳсону бахшиши Худо мебошад.