Савол № 00839

Ба дастам китобҳои “Зевари ҷаннат” ва “Субҳи нурӣ” – шарҳи форсии “Мухтасари Қудурӣ” расид. Аз ин китобҳо истифода бурдан мумкин аст? Оё ба мазҳаби мо мувофиқ аст?

Савол:

Ассалому алайкум домуллои азиз. Ба дастам китобҳои “Зевари ҷаннат” ва “Субҳи нурӣ” – шарҳи форсии “Мухтасари Қудурӣ” расид. Аз ин китобҳо истифода бурдан мумкин аст? Оё ба мазҳаби мо мувофиқ аст? Раҳмат.

Саволдиҳанда: Султон

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, ҳар ду китоб аз таълифоти уламои мазҳаби ҳанафӣ мебошанд ва шумо метавонед, ки аз онҳо истифода баред. Чунонки худи “Мухтасари Қудурӣ” аз матнҳои муътабари мазҳаби ҳанафӣ ба шумор меравад ва дар Донишкадаи исломӣ ҳамчун адабиёти фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ тадрис мешавад. 

2017-02-01
3162
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:42
Пешин12:40
Аср15:13
Шом17:08
Хуфтан18:38