Савол № 00840

Мехоҳам бидонам, ки илми дунё афзал аст ё илми Ислом?

Савол:

Ассалому алайкум домуллои азиз. Мехоҳам бидонам, ки илми дунё афзал аст ё илми Ислом? Хоҳиш мекунам, ки пурра шарҳ диҳед. Раҳмати Худо бар Шумо, миннатдорам.

Саволдиҳанда: Фарҳод.

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, тамоми илмҳоро омӯхтан афзалият дорад, илми дунявӣ барои ҳаёти дунёи  инсон зарур аст ва илми Ислом барои охирати ӯ. Агар инсон илми дунявӣ надошта бошад, ҳеҷ кас аз ӯ манфиат гирифта наметавонад, дар ҳоле ки инсон бояд боманфиат бошад. Бинобар ин, ҳар ду навъи илм зарур ва афзал аст. Инсони оқил ҳар ду навъи илмро ба андозаи тавоноияш меомӯзад ва фазилати ҳар дуро ба даст меорад.  Албатта заруриёти диниро донистан барои фарди мусулмон хеле муҳим мебошад.

2017-02-01
3031
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:42
Пешин12:40
Аср15:13
Шом17:08
Хуфтан18:38