Савол № 00841

Ман дар муҳоҷирати меҳнатиям, мехоҳам фаҳмам, ки дини Ислом то чанд муддат иҷозати аз хона дур будани мусалмононро додааст ва муҳлати муайянеро муқаррар кардааст?

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ. Ман дар муҳоҷирати меҳнатиям, мехоҳам фаҳмам, ки дини Ислом то чанд муддат иҷозати аз хона дур будани мусалмононро додааст ва муҳлати муайянеро муқаррар кардааст?

Саволдиҳанда: Аҳмадҷон.

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, аз нигоҳи дини мубини Ислом мусулмон ба муддати чор ё шаш моҳ метавонад бидуни узр аз хонаводааш дур бошад. Агар зарурат ва узре бошад, аз ин муддат бештар боке надорад, вале нафақаи ҳамсарашро фиристонад ва ҳадафаш зарар расонидан ба зан набошад. (“Масоили фиқҳии муосир”,  с. 317-320 ва с. 335-340)

2017-02-01
4012
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:29
Пешин12:40
Аср16:24
Шом18:23
Хуфтан19:53