Савол № 00844
Имрӯзҳо аз ҷавонон бисёр мешунавем, ки ҳангоми алоқаи маҳрамона аз доруҳои баландкунандаи шаҳват (возбуждающий) истифода мебаранд. Оё ин амал аз нигоҳи дин дуруст аст?
Савол:
Пеш аз ҳама салом арз менамоям. Имрӯзҳо аз ҷавонон бисёр мешунавем, ки ҳангоми алоқаи маҳрамона аз доруҳои баландкунандаи шаҳват (возбуждающий) истифода мебаранд. Оё ин амал аз нигоҳи дин дуруст аст? Раҳмат.
Саволдиҳанда: Беном
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, истеъмоли доруҳои шаҳватангез барои ашхосе, ки тавони ҳамхоба шуданро надоранд, ҷоиз аст. Дар ғайри ин сурат истифодаи ин доруҳо агар ба саломатӣ зарар надошта бошад, боке надорад, дар акси ҳол бе зарурат истифода кардани чизҳои зиёновар мамнуъ аст. (“Хулосатул-фатово”, ҷ. 4, с. 363)