Савол № 00851

Оё дар вақти намозро бо ҷамоат хондан муқтадӣ дар ягон ҳолат сура мехонад?

Савол:

Ассалому алайкум. Оё дар вақти намозро бо ҷамоат хондан муқтадӣ дар ягон ҳолат сура мехонад?

Саволдиҳанда: Қудратулло

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, муқтадӣ дар вақти намоз фақат сано – “Субҳонакаллоҳумма” мехонад, вале ягон сура намехонад, чунки қироати имом барои ӯ ҳам қироат ба ҳисоб меравад. Чунонки Расули Худо (с) дар ҳадиси муборак фармудаанд:  «Ҳар касе имом дошта бошад, пас қироати имом барои ӯ низ қироат маҳсуб мешавад». (Ривояти Ибни Моҷа; “Мухтасарул-виқоя”, с. 15-16).

2017-02-02
3309
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:58
Пешин12:40
Аср17:23
Шом19:22
Хуфтан20:52